Ман хилоф худо кунам накунам
Ғайбат Мустафо кунам накунам
Суннати Мустафо чу ҷон манаст
Тарки суннат чаро кунам накунам
Домани инқиёди ҳазрат ӯ
То қиёмат раҳо кунам накунам
Куштаи ишқаши маро ба теғи ҷафо
Талаб хўнбҳо кунам накунам
Дарди дил чун давоӣ дард диласт
Ба аз инаш даво кунам накунам
Ишқи ҷонон ки ҷони ман ба фидоаш
Аз дили худ ҷудо кунам накунам
Дар шаҳодат чу шоҳид ғайб аст
Тарди Айнӣ чаро кунам накунам
Накунам тавба аз майу соқӣ
Ҷузи ҳавояш ҳаво кунам накунам
Сайиди ман чу бар савоб буд
Бандаи ҳаргиз хато кунам накунам