Хаста ҳолему зи зулфи ту шифо ме талабем
Дардмандему зи васли ту даво ме талабем
Ҳаркасиро зи ту гар ҳаст ба навъе талабӣ
Мо ба ҳар ваҷҳ ки ҳаст аз ту туро ме талабем
Аз худои неъмати ҷинати талабади зоҳид ва мо
Ба худогар зи худои ғайр худо ме талабем
Онкии мо май тлбимш ҳама донанд валек
Нест моро ки бигӯем кро ме талабем
Мушкил инаст ки саъии талаби мо ҳаргиз
Нарасида аст бидон ҷой ки мо ме талабем
Кӣмёӣ ки миси қалб аз ӯ зар гардад
Ба яқин аз назари пок шумо ме талабем
Гар бақо металабӣ бош фано чун Сайид
Мо зи худ ношудаи фонӣ чаҳ бақо ме талабем