Қутби олами рӯҳ аъзам ёфтам
Рӯҳи аъзами қутб олам ёфтам
Соғар ва меёфтам бо ҳамдигар
Ҷисм бо ҷон , ҷом бо ҷам ёфтам
Гар шудам хуррам ба васлаш давр нест
Зонка аз ҳиҷраши басӣ ғам ёфтам
Сӯрату маънӣ ба як ҷо рӯ намӯд
Офтобу моҳ бо ҳам ёфтам
Дар хароботи Муғони гаштами басӣ
Ринди мастии ҳамчу ӯ кам ёфтам
Ҷомеъи зоту сифоту феъли ҳам
Ҳар се ин маҷмӯ одам ёфтам
Хатм шуд бар Сайиди олами тамом
Ин камол аз хатм ва хотам ёфтам