Бенишонеро нишонаш ёфтем

Ганҷи пинҳонӣ аёнаш ёфтем

Сӯрату маънии олам дида ем

Ин маъониро беонаш ёфтем

Онкии ақл аз диданаш маҳрӯм монад

Ошиқона ногаҳонаш ёфтем

Дидаем ойинаи гетии намо

Ошкоро ва наонаш ёфтем

Дилбари сармаст дар кӯии Муғон

Дар миён ошиқонаш ёфтем

Ҳарчӣ ояд дар назар эй нури чашм

Ҷисм ӯ дидем ва ҷонаш ёфтем

Мазҳари зоту сифоти кибриё

Сайиди охир замонаш ёфтем