Мастонаи малики сӯрату маънӣ ба ҳам задем

Риндона дар қадами қадамӣ аз адам задем

Моро мусалламаст дам аз нестӣ задан

Каз ҳастӣ вуҷӯди рақам бар адам задем

Парвонаи вори коғази танро бсухтем

Вази шамъи ишқи оташии андар қалам задем

Гуфтеми ано алҳақу илми олимии шудем

Мансури вор бар сари дорӣ илм задем

Мо орифони сархуш дилшод ошиқем

Мастему лоуболӣу ғамро ба ҳам задем

Бо ҷом май мудом ҳарифона ҳамдамем

Мастона зон мудоми зи майхона дам задем

Дар дида рӯй соқӣ ва бар дасти ҷом май

Шодӣ рӯй Сайиди худ ҷом ҷам задем