Мо оина дар намад кашидем

Домани зи худӣ худ кашидем

Паргори сифат ба гирди нуқта

Хат бар сари нек ва бад кашидем

Будем ҳубоб ва ғарқа гаштем

Воҳид ба сӯй аҳад кашидем

Гармӣ ба ҳисоб хӯрд риндӣ

Мо соғар беадад кашидем

Дардии каш кӯй ме фурушем

Баҳри азал ва абад кашидем

Дрдист ба кас наметавон гуфт

Он ранҷ ки аз хирад кашидем

Шодии равони неъмати аллоҳ

Ҳар дами ҷомии ду сад кашидем