Биё то бо ту мо ҳамбоз гирдем

Ба шаҳри хештани ҳам боз гирдем

Чу шаҳбози омадем аз ҳазрати шоҳ

Биё то назд он шаҳбоз гирдем

Пар ва болӣ барорем аз ҳақиқат

Бар авҷи ломакон пурбоз гирдем

Фидоӣ ӯ шавем аз худ ба куллӣ

Бар авҷи ишқ ӯ ҷонбоз гирдем

Чу мо он хоки он гўӣими зини раҳ

Ғубор ӯ шавем ва боз гирдем

Дарин раҳ муддатӣ рафтем бе худ

Раво набӯд ки худ мо боз гирдем

Надим Сайидему ҳамдам ӯ

Аз ин ҳамдами куҷои мо боз гирдем