То муҷаррад аз дил ва аз ҷони шудем

Ҳамнишину ҳамдами ҷонони шудем

Ҳамчуи қатраи баҳри як дурдона Эй

Ғарқаи дарёӣ бе поёни шудем

Аз хаёл рӯй ёри хештан

Ҳамчуи зулфаш бесару сомони шудем

То ки пайдо шуд ҷамоли ишқи дӯст

Мо ба худ дар худ зи худ пинҳони шудем

Ҷону дил дар кор ишқаш бохтем

Лоҷарами мо ҷумлаи тан чун ҷони шудем

Аз барои ганҷи ишқаши рӯзу шаб

Сокини кунҷи дили вайрони шудем

То хабар аз зулф ва рӯйиш ёфтем

Бехабар аз куфр ва аз имони шудем

Гирди нуқта муддатӣ гаштем мо

Нуқтаи паргори ин даврони шудем