Ишқ ӯ дар миён ҷон дорем
Лиззати умр ҷовдон дорем
То гирифтеми он миён ба канор
Ҳарчӣ дорем дар миён дорем
Оқил ин дорад ва надорад он
Ошиқонем ва ин ва он дорем
намеравад оби чашми мо ҳар сӯ
Дар назари баҳр бекарон дорем
Хабари ошиқони зи мо май ҷӯ
Ки хабари мо з ошиқон дорем
Офтобӣаст дарназари пайдо
Нураш аз дида чун ниҳон дорем
Неъмати аллоҳ ба мо нишоне дод
Ин чунин ном аз он нишон дорем