Мо ошиқ ринд дилпазирем

Мо соқӣ маст дилпазирем

Маъшӯқ худему ошиқи худ

Ҷузи домани ишқ худ нагирем

Мустағнӣам аз вуҷӯди олам

Доим бошем мо намирем

Зинда ба ҳаёт ҷовдонем

То занн набарӣ ки ногузирем

Гар толиби ҳазрати хдоӣӣ

Моро баталаб ки ногузирем

Ин турфа ки мо муҳиб хешем

Маҳбӯби басии ҷавон ва перем

Аз давлати бандагии Сайид

Бар ҷумла ошиқон амирем