Бози ҳавои ту ҳавас карда ем

Аз ҳаваси ғайри ту бас карда ем

То ҳаваси ишқ ту кардем мо

Дар ҳавасати тарк ҳавас карда ем

Дар ҳаваси шукри лаъли лабат

Тӯтии ҷонро чу магас карда ем

Манзили мо чун ҳарам каъба шуд

Тарки ҳаёҳӯӣ ҷарас карда ем

Субҳи саодат чу ба мо рӯ намӯд

Пушт бар ошӯб асас карда ем

Мурғи дили мо чу паридан гирифт

Мо ба ҳавои тарк қафас карда ем

Ҳамдами Сайид чу тўӣӣ ҳар нафас

Ёди муроот нафас карда ем