Як назар аз аҳли дил то дида ем

Назд мардуми ҳамчуи нур дида ем

Дар хаёл дидан ӯ рӯзу шаб

Ҳамчуи дидаи сӯ ба сӯ гардӣда ем

Ошиқ мастем ва бо соқии ҳариф

Май зи ҷоми ишқ ӯ нӯшида ем

Аз дами мо мурда , дил зинда шавад

То лаби исои ҷон бӯсида ем

Завқи булбул аз навой мо буд

Зонка мо гул аз висолаш чида ем

То абади султон иқлӣм дилем

Халъат аз рӯзи азал пӯшида ем

Сайиди мо дар назар чун оина аст

Мо дар ин ойинаи худро дида ем