Мо дам аз ишқ дар қадам зада ем
Пеш аз ин дами зи ишқ дам зада ем
Коф кун дар китоб кун набӯд
Ки хаёлаш ба ҷон рақам зада ем
Ғам надорем аз ҳамаи олам
Шодии ишқи ҷом ҷам зада ем
Мутриби базми бодаи нўшоним
Сози ушшоқи зер ва Бам зада ем
Ҳарфи ишқаш навиштаем ба ҷон
Дафтари ақлро қадам зада ем
Дар тариқӣ ки нест пойонаш
Ошиқонаи басӣ қадам зада ем
Аз вуҷӯд ва адам магӯ Сайид
Ки вуҷӯду адам ба ҳам зада ем