Дардмандем ва ба умеди даво омада ем

Мустамандему талабкори шифо омада ем

Аз дар лутфи ту навмед нигарадем ки мо

Бенавоён ба таманнои наво омада ем

Мо гадоӣам ва ту султони ҷаҳони Карамӣ

Назарӣ кун ки ба умеди шумо омада ем

Дил фидо карда ва ҷон додау сар бар кафи даст

То нагӯйӣ ки ба тазвиру риё омада ем

Ин чунин ошиқу сармаст ки бинии мо ро

Нест ҳоҷат ки бигӯе зи куҷо омада ем

Мо агар зоҳид саҷҷода нишинем на ринд

Бар сари кӯии харобот чаро омада ем

Сайиди базми харобот ҷаҳон ҷонем

Бандагонем ба даргоҳи худо омада ем