Маҷлиси хос ӯаст ҳазрати мо
Алсло ҳар ки ошиқаст сало
Дар харобот хилватӣ дорем
Ба аз ин дар ҷаҳон ки дорад ҷо
Ошиқу масту ринд ва ӯ бошем
Зоҳидӣ аз куҷо ва мо зи куҷо
Муддатӣ шуд ки бихўдими зи ишқ
Бо хдоӣим бо худо ба худо
Мо балоро ба ҷон харидорем
Гарчи ҳастем мубталои бало
Дардмандему дард дармон аст
Хуштар аз дарди дил куҷоаст даво
Ҷуръаи ҷони неъмати аллоҳи нӯш
То биёбӣ ту завқи мастии мо