Садҳазор ойина дорад ёри ман
Май намояд дар ҳамаи дилдори ман
Дидаи ман равшанаст аз диданаш
Боди доими равшани ин дидори ман
Ҷуз хаёлаш нест ҳмхўобии маро
Ғайр ишқаш нест ёри ғори ман
Булбули сармастаму нолон ба завқ
Равзаи ризвон буд гулзори ман
Ман хроботӣу ринду ошиқам
Хизмати маъшӯқи ман хумори ман
ӯ ва ман бо ҳамдигар бошем хуш
Лоҷарами ман ёр ӯ , ӯ ёри ман
Неъмати аллоҳ гар нагаштӣ ошкор
Кӣ шудӣ пайдо ба ту асрори ман