Дар чашми ман он нураст эй нури ду чашми ман

ӯ нозир ва манзураст эй нури ду чашми ман

Дар хилвати майхона базмӣаст мулӯкона

Ҳам ҷинат ва ҳам ҳураст эй нури ду чашми ман

Бар дори фано рафтани сардори бақо бӯдан

Он мансаб Мансураст эй нури ду чашми ман

Он дилбар ҳар ҷоӣӣ аз ғояти пидоӣӣ

Гӯйанд ки мастураст эй нури ду чашми ман

Шахсе ки хаёли ғайр дар хотир ӯ гунҷад

Аз мазҳаби мо давраст эй нури ду чашми ман

Гар мункири михўорон инкор кунад мо ро

Бигзор ки маъзӯраст эй нури ду чашми ман

Риндӣ ки ба сармастии сари ҳалқа мисатон аст

Он Сайид машҳураст эй нури ду чашми ман