Ба нури талъат ӯ гашта чашми мо равшан

Намӯда дар назари нури кибриёи равшан

Нигоҳ кардам ва дидам ба нур ӯ ӯ ро

Ба нур ӯ бингар то шавад туро равшан

Фурӯғи нури ҷамолаш ки шамъ анҷуман аст

Чароғи маҷлис мо карда ҳолиё равшан

Агар на нури ҷамолаш ба мо намояди рӯ

Ҷамоли шаҳ ки намояд ба ҳар гадои равшан

Надидаи дидаи бегона зон ки торик аст

Вале бибин ки шудаи чашми ошнои равшан

Гирифтаи ҷом майу масти омада дар базм

Ба мо намӯда дар он ҷом май лақои равшан

Ҳамеша дар назарами нури неъмат аллоҳ аст

Нигар ба дидаи мо нури чашми мо равшан