Зоҳидиро нарасад ғайбати риндон кардан

Айб бошад бар мо ғайбати эшон кардан

Базми мо маҷлис ишқаст ҳарифони сармаст

Натавон маҷмаъи ин қавми парешон кардан

Худ гирифтам туоне ки дилами озорӣ

Ин чунин кор хатарнок набитавон кардан

Дили мо каъба ишқасту мақоми Маҳмӯд

Боди вайрон ки дилаш дода ба вайрон кардан

Бирав эй ақл ва макун сарзаниши ошиқи маст

Бад буд сарзаниши Сайиди некон кардан