Ишқ дар он ва ин тавон дидан

Бар ясору ямини тавон дидан

Он чунон офтоби равшани рой

Дар рухи шамси дайни тавон дидан

Моҳ агар чаҳ бар осмон бошад

Нур ӯ дар замини тавон дидан

Ошиқона агар талабкорӣ

Он чунон ин чунин тавон дидан

Гар амини худо чу ман бошӣ

Ҷабраили амини тавон дидан

Бо сулаймон агар ҳарифи шӯй

Хотамаш бо нигини тавон дидан

Неъмати аллоҳро агар ёбӣ

Дилбари нозанини тавон дидан