Карамӣ кун биё ва хуш биншин
Як нафас назд ҳамдамӣ биншин
Ринди масти хушӣ ба даст овар
Ҷом май нӯш бо ҷамӣ биншин
Дар хароботи ишқи мастона
Шод бархез ва беғамӣ биншин
Завқ аз зоҳидӣ нахоҳӣ ёфт
Бо чунин тайифа камӣ биншин
Бо дили риши пеши дарвешӣ
Ба таманноӣ марҳамӣ биншин
Ҳосили умри мо дамӣ бошад
Дам ба дам дар биё дамӣ биншин
Неъмати аллоҳ агар касе ҷӯяд
Пеши ринд мкрмӣ биншин