Ҳоли ман аз он наргиси мастона талаб кун

Рози дилам аз сунбули ҷонона талаб кун

Дар савмиъа борӣ натавон ёфт ҳузурӣ

эй ёри ҳузур аз дар майхона талаб кун

Он чиз ки аз олам садсола надидӣ

Аз як назари ошиқи девон талаб кун

Дар кунҷи дилами ганҷи ғами ишқ дафин аст

Ганҷ ар талабӣ дар дили вайрона талаб кун

Ҷон бохтан аз ошиқи бедили талаб эй дӯст

Мардонагӣ аз мардуми мардона талаб кун

Сӯзи дили длсўхтаҳи оташи ишқаш

Дар синаи шамъу дили парвона талаб кун

Чун мардумаки дидаи дарёи дили Сайид

Дар дидаи мо дар шӯу дурдона талаб кун