Гуфта ошиқон ба ҷон бишинав

Ин чунин гуфтае ончунон бишинав

Бо ту гӯям ҳикояти мисатон

Бишинав аз қавл ошиқон бишинав

Нӯш кун ҷом меки навишт бод

Бо ту гуфтам зи ҷон ба ҷон бишинав

Аз сар завқ гуфтаам суханӣ

Он маъонии азин баён бишинав

Майу ҷому ҳариф ва соқӣ ӯст

Ду магӯ кон якеаст он бишинав

Аз канорнигор агар пурсӣ

Дар миёни о ва аз миён бишинав

Сухани Сайидам равон ме хон

Оҳи ҷонсӯз ошиқон бишинав