Чашми олам равшанаст аз нур ӯ
Нозир ӯ нест ҷузи манзур ӯ
ӯ зуҳӯрӣ кард ва мо пайдои шудем
Ғайр ӯ худ нест ин машҳур ӯ
Дар вилояти мо ҳукӯмат ме кунем
Ҳокимем аз ҳукм дар маншур ӯ
эй ки гўӣии хоҷа дастурӣ хушаст
Ман надонам ғайр ӯ дастур ӯ
Офтобӣ мекунад пинҳон ба абр
Лоҷарами пайдо буд мастур ӯ
Дар дили мо ишқи ҷонони ҷони мост
Ҷинати аъло туроу ҳур ӯ
Неъмати аллоҳи нури чашм олам аст
Равшанаст аз дидаи мо нур ӯ