Шуд равони оби ҳаёти мо ба ҷӯ

Айни мо май ҷӯ аз ин дарёу ҷӯ

Обро май нӯш аз ҷоми ҳубоб

Ташнаи оби хушӣ аз мо биҷӯ

Ишқ сармастаст дар кӯии Муғон

намеравад дил дар пай ӯ кӯ ба кӯ

Бишинав ва аз худ сухан дигар магӯ

Ҳарчӣ гуяд ӯ бигӯ онро бигӯ

Чашми мо равшан ба нур рӯй ӯст

Лоҷарам байнем мо ӯро ба ӯ

Мавҷи дрёӣиму дарёи айни мо

Хуш ҳаме гирдем доими сӯ ба сӯ

Дар чунин ойинаи гетии намо

Сайид ва банда нишаста рӯбарӯ