Умр бар бод меравад бе ӯ

Кӣ буд зиндагии чунин некӯ

Нафасии умрро ғанимати дон

Ҳосили умри худ зи худ май ҷӯ

Мо чунин масту ақл махмур аст

Гӯ бирав ҳар чаҳ боядаш май гӯ

Дар дилами ҷуз яке наме гунҷад

Ғайри он як бигӯ ки дигари кӯ

Гар ҳазораст вагар ҳазор ҳазор

Назд ориф якеаст бе ман ва ту

Аҳваласт он ки як ба ду бинад

Ту чу аҳвал на Эй набинӣ ду

Зикри Сайид ҳамеша ин бошад

Вҳдаҳи лои илоҳи алои ҳў