Офтоби ҳасан ӯ олами мунаввари сохта

Нақши олам аз мисоли худ мусаввири сохта

Дар миёни доираи хуши хат мавҳумӣ кашид

Сӯрати қавсин аз он маънии меҳвари сохта

Ҷумлаи аъёни олами мазҳар асмоء ӯст

Айн ҳар фардӣ ба анъомии муқарари сохта

Як алиф бинвишт ва ҳафт оят аз он омад падед

Ҳафт ҳайкали ҳофизи ин ҳафт кишвари сохта

Ҷӯад ӯ маҷмӯи мавҷӯдотро дода вуҷӯд

Хокро карда назари он хокро зари сохта

Хуши ҳубобӣ дар муҳӣти ишқ ӯ пайдо шуда

Қуббае бар рӯй об аз айни мо бар сохта

Сӯрату маънии олам ҷамъ карда дар яке

Ва он яке дар ду ҷаҳони султону сарвари сохта

Дар миён об бинишастем дар дарёии ишқ

Айни мо аз об рӯй дода хуштар сохта

Ганҷи пинҳон буд пайдо кард ҳаст бар бенаво

Подшоҳ аз лутфи худ бо бенаво дар сохта

Исми аъзами неъмати аллоҳро ато карда ба ман

Бандаеро Сайидӣ дар баҳр ва дар бар сохта