То хаёл рӯй хубаш дидаам дар оина

Рӯз ва шаб дорам зи ишқаш дар баробари оина

Рӯй ӯ ойина гетӣ намой ҷони мост

Ҷони мо ойинае ҷонона бингар оина

Сӯратӣ дар оина бинмуда тимсолаши аён

Шуд зи акси нури он маънии мусаввири оина

Гар буд ойинаи равшан рӯй бинмоед ту ро

Вар на рӯйиш кӣ намояд дар мукаддари оина

Ишқ ӯ шамъасту ҷонами оинаи венаи рамзи мо

Ъшқбозонро буд равшани мунаввари оина

Ман дилӣ дорам чу ойинаи мунир ва бо сафо

Офтоби меҳри рӯйиши тофта бар оина

Барнадорӣ оина аз пеши рӯяти як замон

Ҳамчуи Сайид гар бибинӣ рӯй худ дар оина