Даромад тарки сармастӣ ки ғорат мекунад хона

Чунон мастаст каз мастӣ надонад хеши бегона

Хроботст ва ман сармасту соқии ҷом май бар даст

Биҳишти ҷовдони мо буд ин кунҷи майхона

зи ишқаш оташӣ афрӯхт ҷони ошиқонро сӯхт

Вуҷӯди моу ишқ ӯ мисоли шамъу парвона

Бирав эй ақли саргардон ки ман мастами ту махмурӣ

Сухан аз ғайри мигўӣии маро бо ғайри парвона

Дарин базм мулӯкона нишаста ҷону ҷонона

Нишаста ҷону ҷонона дар ин базми мулӯкона

Агар ҷонаст ҳайронаст вагар дил вола ишқаст

Агар илмаст нодонаст ва гар ақласт девона

Биё эй мутриби ушшоқу соз ошиқон бинавоз

Ҳарифи неъмати аллоҳ шӯ бихон ин қавли мастона