Мо нақши хаёл ту нигорем ба дида

Корӣ ба ҷузи ин кор надорем ба дида

Дар гӯшаи дида ба хаёл ту нишастем

Умрӣ ба хаёлат ба срорим ба дида

Ҷузи тӯри хаёли ту ки нақши басари мост

Дар дидаи хаёлии ннгорим ба дида

Гар зон ки зи мо бар сари кӯии ту ғборист

Бар хок дарат об биорем ба дида

Ҷон дар тани мо ишқи ниҳода ба амонат

Гар май талабад ҳон бисипорем ба дида

Ҳар шаби ману риндӣ ба ҳавои маи тобон

То рӯз ситора бишуморем ба дида

Дар дидаи мо маънӣ Сайид бинмоед

Ҳар сӯрати хӯбӣ ки нигорем ба дида