Нурӣаст ба чашм мо намӯда
Дар ҷоми ҷаҳон намо намӯда
Ҳар оина ки дидаи дида
Ойина ба мо худо намӯда
Ботин бингар ки подшоҳ аст
Дар зоҳир агар гадо намӯда
Мо дардии дард нӯш кардем
Ин дард ба мо даво намӯда
Бар дори фанои бро ки мо ро
Дар айни фано бақо намӯда
Дар баҳри муҳӣт ғарқ гаштем
Моҳияти мо ба мо намӯда
Бегонаи надидаи Сайиди мо
ӯро ҳама ошно намӯда