Дар оинаи ишқ ӯ намӯда

Ҳасанӣ ба ман ва ту рӯ намӯда

Ҳар оинаро ту низ бингар

Кӯи оинаро накӯ намӯда

Дар ҷоми ҷаҳони намо назар кун

Гӯи дидаи ҷамол ӯ намӯда

Як рӯ буд оина чу бинмуд

Як рӯаст агарчӣ ду намӯда

Бар оинаи офтоб чун ёфт

Пинҳон чаҳ кунем чу намӯда

Бо оина рӯбарӯ нишаста

Он оина рӯбарӯ намӯда

Дар оинаи вуҷӯди Сайид

Олами ҳамаи мӯ ба мӯ намӯда