Ҷонӣ ки аз ту нозад зебо буд ҳамеша
Чашмӣ ки дар ту бинад бино буд ҳамеша
Булбул ба давлати гули нотиқ буд ду рӯзӣ
Тӯтии нутқи ошиқ гуё буд ҳамеша
Гар дар самоъи орифи ғавғо буд аҷаб нест
Ҷоӣӣ ки бода нӯшанд ғавғо буд ҳамеша
Мавҷ аз забон дарё мегуфт ин ҳикоят
Қатра ба мо чу пайваст аз мо буд ҳамеша
Чашмаш ба як киришма ғорат кунад ҷаҳонӣ
Дар малики ҷон аз он рӯи яғмо буд ҳамеша
Гуфтам ки ишқи Сайид пинҳон кунам валикин
Ҳар кас ки гашти ошиқи расво буд ҳамеша