Бе дарди дилӣ даво наёбӣ
Нагузашта зи худ худо наёбӣ
Бо мо на нишастае ба дарё
Шак нест ки айн мо наёбӣ
Бархезу биё ба ҷустуҷӯ бош
Аз пои манишин ту то наёбӣ
То гум накунӣ ту хештан ро
Гум карда хешро наёбӣ
Бо Хизри рафиқи шӯ ки бе ӯ
Он оби ҳаётро наёбӣ
Бар дори фано бар о ва хуш бош
Бе дори фано бақо наёбӣ
Бегонаи зи хеш то нагардӣ
Чун Сайидам ошно наёбӣ