То марои айни ишқ мафҳум аст

Сари илмам ба ишқ маълум аст

То румуз вуҷӯд шуд мафҳум

Ҳар вуҷӯдӣ ки ҳаст мафҳумаст

Ходими хилвати дилами оре

Бингар он ходимӣ ки махдумаст

Шамъи равшани замири маҷлиси мост

Дили парвонае ки чун мум аст

Боз сармаст шуд дили махмур

Лекин аз хамри ғайр маъсӯм аст

Қисматами ишқ буд рӯзи азал

Ореи хуши қисматӣ ки мақсумаст

Чун ки шуд Сайид аз худии фонӣ

Назд ушшоқи ҳӣ қиўм аст