Ҷузи хаёли ту дарин дида нагунҷад дгарӣ

Чашм дорам ки зи алтоф ту ёбам назарӣ

То ки зуннори сари зулфи ту бастам ба миён

Бастаам аз сари ихлос ба хизмати камарӣ

Ҳалқае бар дар майхона задам багушӯданд

Ба азин ҳеҷ касеро нагушӯданд дарӣ

Ғайр дар хилвати ман роҳ надорад валлоҳ

Сокинам дар ҳарами каъбаи ним раҳгузарӣ

Ба хароботи туро роҳ барамгар оӣӣ

Ин чунин раҳ нанамояд ба ҷаҳони роҳбарӣ

Ганҷ шоҳӣаст дар ин гӯшаи вайронаи дил

Талабаш кун ки тавон ёфт ба ҳар сӯи гуҳарӣ

Неъмати аллоҳ ба дастовар ва май ҷӯи хабарам

Ки зи завқи ман сармаст биёбӣ хабарӣ