Даромад аз дирами хуши подшоҳӣ

Ки дидаи ин чунин шоҳӣ чу моҳӣ

Ҳамаи арвоҳи покон дар рикобаш

Ба шавкати подшоҳӣ бо сипоҳӣ

Ниҳодами сар ба поиш бӯса додам

Надорам ғайри лутфаши узрхоҳӣ

Ба ҳамдолла ки аз лутфи аллоҳӣ

Маро омад чунин пушту паноҳӣ

Ба ғайр ӯ накардам ҳеҷ майлӣ

Вагар кардам аз ӯ дорам гуноҳӣ

Нишастам бар дар майхонаи сармаст

Набошад ин чунин ҷоӣӣу ҷоҳӣ

Тариқи неъмати аллоҳи роҳ ишқ аст

Чаҳ хуши роҳӣу ҳамроҳ ба роҳӣ