Ҳон бирасон ба гӯш ӯ пайки сабои ҷакии ҷакӣ
Бандагӣу саломи ман баъди дуои ҷакии ҷакӣ
эй бути нозанини ман бо ман хастаи дил агар
Ҷавр ва ҷафо кунӣ макун тарки вафои ҷакии ҷакӣ
Бе рухи ту ду чашми ман нур надорад эй санам
Нури ду чашми ман тўӣӣ рух бинмо ҷакии ҷакӣ
То ма нав шавад хаҷали пеши рухи ту бар фалак
Чун маи чордаҳи шаб аз боми брои ҷакии ҷакӣ
То бигушоед аз дили Сайиди нотавони гиреҳ
Бозгшоди барфашони зулфи ду то ҷакии ҷакӣ