Олам ҷомасту файз ӯ май

Бе ӯ ҳама оламаст лошӣ

ӯро набӯд зуҳӯр бе мо

Моро набӯд вуҷӯд бе вай

эй ақли ту зоҳидӣ ва мо ринд

Дар маҷлиси мо мё бирав ҳай

ё раб ки мудоми боди соқӣ

То мебахшад марои паёпай

Гўӣӣ ки зи бода тавба кардӣ

Зинҳор магӯ чунин куҷо кӣ

Ҳар зиндаи дилӣ ки кушта ӯст

Ҷовид чу ҷони мо буд ҳӣ

Мастему ҳарифи неъмати аллоҳ

Май бар кафи дасту гӯш бар не