Дар гӯшаи майхона касеро ки мақом аст
Ноқис натавон гуфт ки ӯ ринд тамом аст
Аз рӯзи азал то ба абади ошиқ ва мастем
Худ хуштар аз ин давлат ҷовид кадомаст
Бо соқии риндон харобот ҳарифем
Доим буд он соқӣ ва он ишқ мудом аст
Беному нишони шӯ ки дарин кӯии харобот
Беному нишон ҳар ки шавад нек ба ном аст
Май нӯш май ишқ ки покаст ва ҳалоласт
Ин май на шробист ки дар шаръ ҳаром аст
Хуши ҷоми ҳубобӣ ки пар аз об ҳаётаст
Моӣими чунин ҳамдаму пайваста ба ком аст
Султони ҷаҳони бандаи Сайид шуда аз ҷон
Ин бандаи он хоҷа ки дар ишқ ғуломаст