Аз барои худои биёи соқӣ
Бидиҳ он ҷоми ҷонФзои соқӣ
Ошиқу ринду маст ва авбошем
Назарӣ кун ба ҳоли мо соқӣ
Нафасӣ бешароб натавон буд
Пуркун он ҷом май биёи соқӣ
Дарди моро ба ҷуръаи дардӣ
Хуш буд гар кунӣ давои соқӣ
Базм ишқасту ошиқони сармаст
Ақли бегонаи ошнои соқӣ
Дар биҳиштем ва бода ме нӯшем
Май таҷаллӣ буд худои соқӣ
Неъмати аллоҳи ҳариф ва май дар ҷом
Хуш ҳузурӣаст хосса бо соқӣ