Омад он соқии сармаст ва ба дасташи ҷомӣ

Гӯиё май талабади ҳамчуи ман бадномӣ

Дар ҳамаи кӯии харобот ҷаҳон натавон ёфт

Дардмандӣ чу ман ошиқи дарди ошомӣ

Ҳамдам ҷом шаробему ҳарифи соқӣ

Икдмии ҳамдами мо шӯ ки биёбӣ комӣ

Дар назари нақши хаёли рух ва зулфаш дорем

Зон назари субҳ хушӣ дораму некӯи шомӣ

Завқи сармастии могар талабӣ эй зоҳид

Нӯш кун аз май мо шодии риндони ҷомӣ

Қадамӣ на ки ба мақсӯди рисӣ дар раҳи мо

Зон ки маҳрӯм нашуд ҳар ки биёмад гомӣ

Нолаи неи шинав эй ҷони азизи Сайид

То расонад ба ту аз ҳазрат ӯ пайғомӣ