Қобили нури илоҳии ҷони мост
Ин чунин ҷони хушии ҷонони мост
Ҷоми обӣ аз ҳубоб мо бануш
Зонкаҳ ӯ сарчашмаи ҳайвони мост
Қурси моҳу косаи заррини меҳр
Рӯзу шаби ороишӣ бар хон мост
Ақл махмураст ва мо масту хароб
Ъшқбозии оятӣ дар шаъни мост
Мо ба ӯ ва ӯ ба мо пайдо шуда
Ҷумлаи олами он ӯ , ӯ он мост
Ҳафт дарёро чу мавҷӣ дида ем
Ғарқа дар дарёӣ бе поёни мост
Хуши хроботӣу базмӣ чун биҳишт
Сайиди мо соқии риндони мост