Илмам алкитоби ҳосили мост

Лавҳи маҳфӯзи ҳофизи дили мост

Исми аъзам ки сӯраташ моием

Ҷамъи маънии ҳафт ҳайкали мост

Ончии баҳри муҳӣти хўонндш

Назд мо он сароби соҳили мост

Манзилоне ки дида дар раҳ ӯст

Манзилӣ чанд аз манозили мост

Он ҳақиқат ки аввал ҳама ӯст

Мушкили ҳалу ҳали мушкили мост

Ишқ ӯ қотиласт ва мо мақтӯл

Ҷони олами фидои қотили мост

Неъмати аллоҳ ба мо шудаи восил

Талабаш кун зи мо ки восили мост