Ҳақи мутлақ ба ҳақи ҳақиқати мост

Сифату зоти ишқу зинати мост

Бар сари кӯии дӯсти ҷонбозӣ

Дар раҳи аҳли дили тариқати мост

Сӯрати мо мисол ӯст аз он

Ҳасану маънии ҷамоли сирати мост

Ишқ баҳрасту нохудои маъшӯқ

Киштии ошиқони шариъати мост

Подшоҳон хилват ишқем

Тахти хок дараш сарирати мост

Мастӣу ошиқӣ ва мехорӣ

Одати куҳнаи табиати мост

Аз ҳақ омад Нидо ки эй Сайид

Неъмати аллоҳ ба ҳақи ҳақиқати мост