Ошиқӣу бодаи нӯшии кори мост

Нақли базми ошиқони гуфтори мост

Ҳамдам ҷомем ва бо соқии ҳариф

Ҳар куҷо риндӣ биёбӣ ёри мост

Булбул мастем дар гулзори ишқ

Ҷинати аҳли дилони гулзори мост

Насяу нақди дукони коинот

Мояи як даккаи бозори мост

Чашмаи оби ҳаёти ҷони Фзо

Ташнаи ҷом май хумори мост

Шеъри мо рамзии зи рози мо буд

Муҳаррами мо воқифи асрори мост

Неъмати аллоҳи масту ҷом май ба даст

Соқии хуши вақти бархӯрдори мост