Дили мо дар ҳавоӣ алванд аст

Дар сари зулфи ёр дарбанд аст

Хоҷа табризӣаст ва дар қурра боъ

Шоҳи сарвони амир дар банд аст

Ёри балхии мо з турбат рафт

Дар каши хоҷа Самарқанд аст

Сухан аз рӯму шом чун гуяд

Он Хуҷандӣ ки сокин ҷанд аст

Тарки сармасту ҳиндӯии ширин

Он яке чун гуласт ва ин қанд аст

Гарчи одам ба ҷисм буд падар

Назд хотам ба рӯҳ фарзанд аст

Сайиди базми ишқ доне кист

Онкӣ ӯ банда худованд аст