Умр хуш бошад вале бо ёри ҳамдам хуштар аст

Як дамӣ бо ҳамдамӣ аз малики олам хуштар аст

Дард дил дорему дарди дили давои дарди мост

Гарчи дил ришем захм ӯ зи марҳам хуштар аст

Маҷлис ишқасту риндони масту соқӣ дар ҳузур

Ин чунин хуши маҷлисӣ аз суҳбати ҷам хуштар аст

Як дамӣ бо ҳамдамӣу гӯшаи майхона Эй

Азҳёти ҷовдон май дон ки он дам хуштар аст

Ҷону ҷонон ҳар ду сармастанд ва бо ҳам рӯбарӯ

Ҷамъи ин ёрон агар бошанд боҳам хуштар аст

Нури чашми мост ӯ бинишаста хуш бар ҷои худ

Хилвату ҷои хушӣ бо ёри муҳаррам хуштар аст

Неъмати аллоҳ сархушаст аз завқ мегуяд сухан

Ҳарчӣ гуяд хуш буд валлоҳи аълам хуштар аст