Ҳар ки ӯ бо мо дарин дарё нишаст
Кӣ тавонад лаҳзае бе мо нишаст
Аз сар ҳар ду ҷаҳони бархеста
Бар дар яктоӣ беҳамто нишаст
Гарчи танҳо буд ва танҳо ҷамъ кард
Омад он танҳо ва бо танҳо нишаст
Ақл рафту зери даст ва по фитод
Ишқ омад сӯии мо боло нишаст
Ташна Эй омад ба сӯии мо чу мо
Айни моро дид ва дар дарё нишаст
Маҷлис ишқаст ва мо масту хароб
Хотири риндони мо онҷо нишаст
Неъмати аллоҳ ҷом меҷӯяд мудом
Чун тавонад як замон аз по нишаст