Ҷони мо бо мо дар ин дарё нишаст
Ёри дарёдили хушӣ бо мо нишаст
Аз сар ҳар ду ҷаҳон бархест дил
Бар дар яктоӣ беҳамто нишаст
Дар хароботи Муғони моро чу ёфт
Маҷлисӣ хуш диду хуш онҷо нишаст
Чун сари дори фано дор бақост
Бар сар дор омад ва аз по нишаст
Моу соқии хуш ба ҳам бинишаста ем
Хуш буд бо мардум доно нишаст
Зоҳиди махмур зер афтод ва шуд
Ошиқ маст омад ва боло нишаст
Сайиди мо нури чашм мардум аст
Лоҷарам бар дида бино нишаст